Тоҷикистону Қирғизистон 13 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд

Мулоқоти ду тараф рӯзи 8-уми июл дар Душанбе сурат гирифт.

Дар ҷараёни сафари давлатии Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон дар рӯзи 8-уми июл байни ду тараф 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар додааст.

Дар ҷараёни сафари давлатии Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон дар рӯзи 8-уми июл байни ду тараф 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар додааст.

Яке аз санадҳое, ки пештар аз ҳама ном бурда шудааст, “Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тадбирҳои боварӣ” аст, ки то се чаҳор соли пеш байни ду тараф вуҷуд надошт.

Бақияи санадҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, муҳоҷират, саноат ва дигар бахшҳо аст. Ин аввалин сафари давлатии Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ зимни мулоқоти раҳбарон ва ҳайатҳои ду кишвар “доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд.”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов ҳамтои қирғизи ӯ аз ниҳоӣ шудани таъйини хати марз изҳори қаноатмандӣ карда “ҳамзамон таъкид доштанд, ки корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия (кашидани хат) низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо идома дорад.

Дар нишасти хабарии муштарак Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт: “Мо талошҳои тарафайнро барои ҳарчӣ зудтар анҷом додани демаркатсияи сарҳад ва пурзӯр намудани тадбирҳои эътимод дар минтақаҳои наздисарҳадӣ зикр намудем. Дар доираи музокирот мо ба рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардем. Доир ба масъалаҳои афзоиши гардиши моли дутарафа мубодилаи муфассали афкор анҷом додем. Аз ҷумла, масъалаҳои тавсеаи номгӯи маҳсулоти ба ҳамдигар расонидашаванда ва бартарафсозии монеаҳои мавҷудаи тиҷоратӣ баррасӣ гардиданд. Мо аҳамияти рушди робитаҳоро дар сатҳи минтақаҳо, бахусус дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ зикр кардем”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикистону Қирғизистон 13 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд

Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон, гуфт, ду кишвар ба мувофиқа расидаанд, ки ба зудӣ мақомоти баландпоя барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба зуд ба кор шуруъ кунанд. Ӯ афзуд: “Дар натиҷаи гуфтушунид якчанд санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки соҳаҳои гуногуни ҳамкориҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла тиҷорат, маориф, истеҳсолот, туризм ва дигар соҳаҳои муҳим. Яке аз натиҷаҳои калидии ин гуфтушунид ин ба имзо расонидани санадҳои дуҷониба дар баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон буд. Қарордод дар бораи созмон додани шурои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки таҳти роҳбарии девони вазирон Қирғизистон ва сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуд. Ба чунин қарор омадем, ки якумин шурои байнидавлатиро дар Бишкек баргузор намоем.»

Марзи баҳсбарангез сабаби тирагӣ дар робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон шуда буд ва то ҳадде, ки ду тарафро ба ҷанги мустақим ва ҳамла ба қаламрави ҳамдигар кашид. Муноқишаҳо дар марз дар солҳои 2021-2022 сабаби вайрониву марги даҳҳо нафар аз Тоҷикистону Қирғизистон шуд ва хусумат ба ҳадде шуд, ки дар як нишасте бо миёнҷигарии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба ҳам даст надоданд.

Назарҳо ба муносибатҳои ду кишвар

Коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад сафари мазкурро баёнгари коҳиши нобоварӣ байни ду кишвар медонад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Сафари давлатии раисиҷумҳури Қирғистон на танҳо дар сатҳи дуҷониба, балки минтақавӣ аз аҳамияти зиёд бархурдор аст, зеро имрӯз ҳам аз назари рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва бахусус ба лиҳози субот ва амният дар Осиёи Марказӣ ва хосатан дар водии Фарғона равобити ҳусни эътимод ва мушорикати роҳбурди миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бисёр муҳим мебошад. Албатта равобит ва сафарҳои олитарин сатҳ, ки сафарҳои давлатӣ мебошанд, дар моҳи март аз тарафи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва инак аз ҷониби раисиҷумҳури Қирғистон анҷом мешавад, нишондиҳандаи барқарории бовар ва эътимоди сиёсӣ миёни раҳбарияти олии ду кишвар аст.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Интизороти сиёсатшиноси қирғиз аз сафари Президенти ин кишвар ба Тоҷикистон

Эмил Ҷӯраев коршиноси қирғиз мегӯяд, ҳоло фурсат лозим аст, то хусуматҳое, ки дар солҳои зиёд ҷамъ шуда буд, зудуда шаванд: “Ба бовари ман, ҳоло як ҷараёни раҳо шудан аз эҳсоси манфӣ нисбат ба ҳамдигар идома дорад ва ба ин масъала бояд бо дарки амиқ муносибат кард. Бахусус нисбат ба мардуме, ки дар хатти сарҳад зиндагӣ мекунанд. Ин қобили дарк аст, ки мардуми он ҷо ҳанӯз ҳам як ҳолати нобоварӣ доранд. Ҳоло бисёр муҳим аст, ки раҳбарони ҳарду давлат бе он ки чашмҳоро пӯшидаву ба гапи мардум гӯш надода вонамуд кунанд, ки ҳамааш хуб аст, барои такрор нашудани ҳодисаҳои солҳои 2021 ва 2022 бо мардум ҳамкорӣ кунанд. Сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон ва ё сафари Раҳмон ба Қирғизистон дар моҳи март барои роҳ надодан ба ҳодисаҳои фоҷеабор зарур аст, то ки ҷомеаҳои наздисарҳадӣ бидуни тарс аз ояндаи худу фарзандонашон дар сулҳу субот зиндагиро идома дода тавонанд.»

Ба далели ҷангу муноқишаи камаш се соли пеш гузаргоҳҳои марзӣ баста буданд, яке ҳавопаймоҳои дигариро ба қаламрави худ роҳ намедод. Табодули мол миёни ду кишвар, ки солҳои пеш даҳҳо миллион долларо ташкил медод, то ба 5 миллиону 6 миллион доллар дар як сол поин омад. Аммо дар ду соли ахир вазъ ба тамом тағйир ёфт, созишномаи марзӣ дар моҳи март ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек ба имзо расид.

Ду гузаргоҳи марзӣ имсол боз шуд, вале ҳанӯз мардуми зиёде ба бозорҳои якдигар равуо намекунанд. Рӯзи 8-уми июл раҳбарони ду кишвар амр доданд, яке дигарро, ки ноҳияи Лахши Тоҷикистонро бо вилояти Ӯши Қирғизистон мепайвандад, боз кунанд. Гузаргоҳи марзии Тоҷварон-Қарамиқ аз соли 2021 то кунун баста буд. Ноҳияи Лахш яке аз ноҳияҳои умдатан қирғизнишини Тоҷикистон аст.