Яке аз чунин ҷойҳо маҳаллаи 32-уми ноҳияи Сино дар Душанбе аст.
Сабоҳат, сокини маҳаллаи 32: “Аз замоне, ки ман инҷо омадам, вазъ дар ин бино ҳамин хел аст. Ҳар тобистон тамоман об нест. Ман солҳои пеш дар табақаи чаҳорум зиндагӣ мекардам, бо насос об мекашидем. Аз дасти беобӣ ба табақаи аввал фаромадам. Шукронаи Худо дар якум табақа об ҳаст, лекин 3-4 се моҳи дароз об нест. Ман аз соли 1998 дар ҳамин бино зиндагӣ мекунам, мушкили оби инҷо доимо ҳаст.”
Назокат ҳам дар маҳаллаи мазкур зиндагӣ мекунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Чанд соат не, рӯзона тамоман нест. Андаке меояд, дигар нест. Тоқат мекунем, Аз ягон ҳамсоя, аз ягон ҷой меорем.”
Сокинони маҳалла аз ҳар роҳу восита мушкили беобиро ҳал мекунанд. Гулистон Валиева, сокини маҳаллаи 32 Душанбе: “Об надорем, либос шустанӣ шавем, мошини ҷомашӯиро рӯшан кунем, тамоман кор намекунад. Қариб як моҳ шуд. Як вақт меояд, қуттиву қуттибачаҳоро пур карда мегирем. Чӣ кор кунем дигар? Аз беобӣ шуда кӯдаконро қишлоқ фиристодам.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шикояти сокинони баландошёнаҳои Душанбе аз камобӣ дар гармои тобистон
Миршакар Ҳалимов, яке аз масъулони Идораи таъмини об дар ноҳияи Сино мегӯяд, дар воқеъ фишори об дар лӯлаҳо тобистон паст мешавад, аммо ин ки бигӯянд, об комилан намеояд, дуруст нест.
Миршакар Ҳалимов, намояндаи Идораи таъмини об дар ноҳияи Сино: ”Фишор аз ҳисоби чӣ паст мешавад. Ин фасли гармора бинед, ҳама об истифода мебаранд, шояд камтар фишор паст мешавад, дар ошёнаҳои 4- ум фишори об камтар мешавад. Лекин гӯем беобӣ, дар ноҳияи Сино ё танқисӣ аз об нест.”
Аммо ба гуфтаи яке аз масъулони корхонаи "Обу корези Душанбе", ки нахост номаш бурда шавад, яке аз далелҳои камобӣ дар маҳаллаҳои гуногуни Душанбе, ки оби онҳо аз зери замин аст, кам шудани захираҳои зеризаминии об ва поён рафтани сатҳи онҳост. Ба қавли ӯ, барои ҳалли мушкил бояд пойгоҳҳои обкашии нав ва иловагӣ насб карда шавад.
Ба гуфтаи сокинон, мушкили камобӣ ва беобӣ дар маҳаллаҳои 32, 33 дар шаҳраки Гулистон, маҳаллаҳои 46, 61, 63, 64 ва ду тарафи хиёбони Неъмат Қарабоев аз баҳори имсол оғоз шудааст. Масъулони идораи "Обу корези Душанбе" камобиро ба зиёд шудани талабот ба об дар тобистон рабт медиҳанд, вале аз рӯйи даст гирифтани иқдоми мушаххасе барои рафъи ин мушкил низ намегӯянд. Мушкили дастрасӣ ба об дар Душанбе дар ҳолест, ки шаҳр чанд соли ахир мизбони бузургтарин нишастҳои ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти об дар курраи Замин аст.