Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони ҷавони тоҷик дар Ҷоми ҷудои Осиё 5 медал гирифтанд


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Гуштигирони тоҷик дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Almaty 2025) ба хотираи Бакет Маҳмудов, мураббии маъруфи қазоқ, ки рӯзҳои 3-6-уми июл дар шаҳри Алмато доир гардид, 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқоти байналмилалӣ миёни наврасон 459 варзишгар (292 писар ва 167 духтар) ва байни ҷавонон 344 варзишгар (223 писар ва 121 духтар) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия (дар ҳайати дастаи IJF), Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, инчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Лубнон ва Муғулистон иштирок карданд.

Мусобиқот дар Қасри варзиш ва фарҳанги ба номи Балуан Шолаки Алмато рӯзҳои 3-4-уми июл миёни наврасон ва 5-6-уми июл байни ҷавонон баргузор шуд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи наврасон (кадетҳо) 15 варзишгар ва дар байни ҷавонон 22 нафар дар рақобатҳо миёни писарон намояндагӣ карданд.

Дар мусобиқаи наврасон гуштигирони тоҷик ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) гирифтанд. Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кило бо медали нуқра ва Бобоҷон Шаропов дар вазни то 73 кило бо нишони биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар мусобиқаи ҷавонон паҳлавонони тоҷик соҳиби 3 медал (як нуқра ва 2 биринҷӣ) шуданд. Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кило барандаи медали нуқра гардид. Дар ин вазн гуштигири дигари тоҷик Умар Шеров бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Инчунин Бинёмин Назиров дар вазни то 73 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

XS
SM
MD
LG