Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон аз ихроҷи 700 ҳазор афғонистонӣ хабар дод


Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии исломӣ мегӯяд, аз нимаи дувуми моҳи март то кунун беш аз 700 ҳазор шаҳрванди Афғонистон аз Эрон ихроҷ шудаанд. Ин нахустин омори расмии Эрон аз мавҷи ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аст.

Нодир Ёраҳмадӣ, раиси Маркази умури шаҳрвандон ва муҳоҷирони хориҷӣ дар Вазорати корҳои дохилии Эрон рӯзи 7 июл дар як барномаи телевизионӣ гуфт, "мо аз ибтидои соли ҳиҷрӣ-шамсӣ то рӯзи 6 июл, 717 ҳазору 657 нафарро аз се гузаргоҳи марзӣ ба кишвари Афғонистон фиристодем".

Рӯзи 6 июл муҳлате буд, ки Вазорати корҳои дохилии Эрон барои берун рафтани афроде, ки ғайриқонунӣ дар он кишвар ба сар мебурданд, таъйин карда буд.

Ба гуфтаи Нодир Ёраҳмадӣ, шаҳрвандони Афғонистон асосан аз се гузаргоҳ дар вилоятҳои Хуросони Разавӣ, Хуросони ҷанубӣ ва Систон ва Балучистон, берун карда шуданд.

Ин мақоми Вазорати корҳои дохилии Эрон бо таъкид бар ин, ки раванди ихроҷи касоне, ки дар Эрон ғайриқонунӣ ба сар мебаранд, идома хоҳад кард, афзуд, ки "нуқтаи авҷ"-и ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон чанд рӯз пеш буд, ки тайи он дар як рӯз "наздик ба 29 ҳазор нафар дар Хуросони Разавӣ аз кишвар ихроҷ шуданд".

Ӯ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир шиддати издиҳом дар ин гузаргоҳи марзӣ коста шуда, "имрӯз ин адад ба 13 ҳазор нафар расидааст".

Бар асоси гузоришҳо ва омори нашршуда, раванди ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон пас аз ҷанги 12-рӯзаи Исроил ва Эрон шиддат гирифт.

Бо ин ҳол, Нодир Ёрмуҳаммадӣ гуфтааст, ки "шароити ҷанг дар раванди хуруҷи шаҳрвандони Афғонистон таъсире надошт ва тарҳ аз қабл оғоз шуда буд. Албата санҷишҳо сабаби шиносоии бештари афроди ғайриқонунӣ шуд".

Раванди ихроҷи дастҷамъии муҳоҷирони афғон аз Эрон ва ҳамчунин бархӯрдҳои хушунатомез бо онҳо дар рӯзҳои ахир, интиқодҳоеро дар пай дошт.

Нодир Ёраҳмадӣ дар мусоҳибаи худ бо шабакаи хабари телевизиони Эрон дар вокуниш ба ин интиқодҳо гуфтааст, "касоне ки барои Ғазза як пост ҳам намегузоранд, барои шаҳрвандони мо ашки тимсоҳ мерезанд".

Пеш аз ин, Оҷонси муҳоҷирати СММ эълон карда буд, ки шумори афғонистониҳои ихроҷшуда аз аввали моҳи июн то кунун ба 450 ҳазор нафар расидааст.

Ба гуфта ин ниҳоди СММ, шумори ихроҷҳо ба тарафи гузаргоҳи Исломқалъа дар вилояти Ҳирот то 40 ҳазор нафар дар рӯз расид.

Ин ниҳод ҳамчунин шумори умумии муҳоҷирони афғонистонии ихроҷшуда аз Эрон аз ибтидои соли ҷории милодӣ то кунунро беш аз 905 ҳазор эълон кард.

СММ қаблан аз пеш омадани "вазъияти изтирорӣ" дар нуқтаҳои марзии Эрон ва Афғонистон хабар дода буд.

Тибқи маълумоти ниҳодҳои кор бо муҳоҷирон, миллионҳо афғон дар Эрон зиндагӣ мекунанд, ки бисёре аз онҳо иҷозатномаи расмии иқомат надоранд.

Бисёре аз ин паноҳҷӯён дар корҳои камдаромад, аз ҷумла, тарҳҳои сохтмонӣ ва супермаркетҳо, кор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG